Мо ин саҳифа ва дастурҳои ҳуқуқии онро ба 18-то забони миллӣ дар ҷумҳуриҳои Русия ва кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тарҷума кардем. Мо боварӣ дорем, ки ҳар як шахс ҳақ дорад дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои худ ба забони модариаш бихонад. Дар оянда мо мехоҳем дастурҳои бештарро ба забонҳои бештар тарҷума кунем. Агар ин барои шумо муҳим бошад, лутфан кори моро дастгирӣ кунед — ин ба мо кӯмак мекунад, ки кори тарҷумонҳоро пардохт кунем. Ё ихтиёрӣ шавед: барои ин шумо бояд боти ихтиёрии моро кушоед, тугмаи /start -ро пахш кунед ва варақаро пур кунед.
Мо дастурҳо ва хидматҳоеро ҷамъ овардем, ки ба коҳиш додани хатарҳо ва оқибатҳои таъқиби сиёсӣ мусоидат мекунанд. Агар шумо ягон савол ё шарҳ дошта бошед, ба мо ба почтаи электронӣ [email protected] нависед.
Дар давоми 10 дақиқа барои суд ҳуҷҷатҳо тайёр мекунад.
Ёрии ҳуқуқӣ ба одамоне, ки бо фишор дар робита ба иштирок дар тазоҳурот ё изҳороти зиддиҷангӣ дучор шудаанд.
Ба боти Telegram нависед, ки дар он ҷо операторони мо ба шумо кӯмак мерасонанд.
ОВД-Инфо як лоиҳаи мустақили медиавии ҳуқуқи инсон аст, ки ҳадафи он қатъи пурраи таъқибот бо ангезаҳои сиёсӣ дар Русия мебошад. Барои ин, мо маълумотро дар бораи боздоштҳо дар тазоҳурот ва дигар ҳолатҳои саркӯбҳои сиёсӣ ҷамъ оварда, нашр мекунем, ба боздоштшудагон ёрии ҳуқуқӣ мерасонем ва барои тағйироти системавӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон кор мекунем.
Боздоштҳо, аз кор рондан, бозпурсӣ, кофтуков ва ҳабсҳо бо ангезаҳои сиёсӣ дар Русия қариб ҳар рӯз рух медиҳанд. Онҳо бо муҳофизони боғҳо, ронандагони мошинҳои боркаш, харидорони манзилҳои фиребхӯрда, муборизон бо коррупсия, интихобкунандагон, сиёсатмадорон, фаъолони шаҳрвандӣ ва танҳо одамони тасодуфӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Соли 2022 саркӯбҳо ба одамоне, ки мухолифи ҷанг буданд, низ таъсир расонд.
Агар шумо дар ҷараёни тазоҳуроти кӯчагӣ боздошт шуда бошед, ё барои ақидаҳои сиёсӣ ё мавқеи зиддиҷангии худ таъқиб карда шавед — ба боти ҳуқуқии ОВД-Инфо нависед ё ба хати доимоамалкунандаи мо бо рақами 8 800 707-05-28 занг занед.
Агар шумо хоҳед, ки бо ОВД-инфо ҳамчун адвокат ё ҳимоятгари ҷамъиятӣ ҳамкорӣ кунед, лутфан варақаро пур кунед. Агар шумо мақоми адвокатӣ ё таҷрибаи зиёди ҳимоя дар суд надошта бошед, мо тавсия медиҳем, ки курси ҳимоятгари ҷамъиятии моро гузаред.
Бале. Мувофиқи моддаи 25 Конститутсия манзил дахлнопазир аст. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки бе қарори дахлдори судӣ ё агар ин яке аз ҳолатҳои дар қонун муқарраргардида набошад, ба он бар хилофи иродаи одамоне, ки дар он зиндагӣ мекунанд, ворид шавад. Онҳо дар моддаи 15 Қонун «Дар бораи политсия» пешбинӣ шудаанд:
Дар дигар ҳолатҳо корманди политсия танҳо бо розигии шумо метавонад ба хонаи шумо ворид шавад.
Ҷарима бояд аз ҷониби ҷалбшуда дар давоми 60 рӯз аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд ё аз рӯзи ба охир расидани мӯҳлати таъхир ё пардохти қисм ба қисм пардохт карда шавад. Ин корро беҳтар аст тавассути бонк анҷом диҳед, на тавассути «Госуслуги»: хатогиҳо дар он ҷо бештар рух медиҳанд. Нусхаи квитансияи пардохтро ҳатман ба суд фиристодан лозим аст.
Барои надодани ҷарима ҷазо пешбинӣ шудааст: ҷаримаи иловагӣ ду баробар зиёдтар аз аввал, то 15 рӯз ҳабс ё то 50 соат корҳои ҳатмӣ.
Мутаассифона, ҳеҷ яке аз ин усулҳо наметавонад натиҷаи дақиқро кафолат диҳад.